Ноябр 01, 2020 17:20 Asia/Dushanbe
  • Суханронии телевизионии Пешвои муаззами инқилоб дар рӯзи мавлуди Паёмбари Ислом (с)
    Суханронии телевизионии Пешвои муаззами инқилоб дар рӯзи мавлуди Паёмбари Ислом (с)

Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи сешанбе мусодиф бо 17 -уми рабиул аввал солрӯзи валодати Расули Акрам (с) ва Ҳазрати Имом Ҷаъфар Содиқ (а) соати 10:30 ба вақти Теҳрон ба сурати телевизиюнӣ суханронӣ хоҳанд кард.

Ин суханронӣ ба сурати зинда аз шабакаҳои Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла хабаргузорони "Эрон Порс" ба сурати зинда пахш хоҳад шуд.

Аҳли суннат, дувоздаҳуми рабиул аввал ва шиаён 17-уми ин моҳро солрӯзи валодати Паёмбари гиромии ислом (с) медонанд.

Ҳазрат Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки худ аз мунодиёни ваҳдат дар ҷаҳони ислом буданд, аз ин масъала барои иттиҳод ва наздик шудани гурӯҳҳои исломӣ истифода карданд ва фосилаи байни ин ду таърих (12 то 17 рабиул аввал)-ро "ҳафтаи ваҳдат" номгузорӣ карданд.

Барчасп