Ноябр 04, 2020 17:47 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: барои Эрон муҳим нест, ки дар Амрико чӣ мегузарад
    Руҳонӣ: барои Эрон муҳим нест, ки дар Амрико чӣ мегузарад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт барои Теҳрон муҳим нест дар Амрико чӣ мегузарад ва чӣ касе раисҷумҳур мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлати Эрон гуфт: "Амрико бояд ба қонун ва ҳамаи муоҳидаҳои байналмилалӣ ва чандҷониба баргардад ва бояд ба ҷои таҳрим, эҳтиром, ба ҷои таҳдид, такрим ва ба ҷои аҳдшиканӣ ва қонуншиканӣ, иҷрои таъаҳҳудотро дар пеши гирад."

Руҳонӣ гуфт: мо бар фарзи ин ки шева ва ахлоқи Амрико ба шеваи дуруст барнагардад, барномарезӣ кардем,  агар амрикоиҳо фаҳмиданд, ки бояд роҳи дигарро интихоб кунанд чӣ беҳтар, дар ғайри ин сурат тасмимоти мо бар ин мабно аст, ки дар шароити сахт, кишвар чигуна идора шавад.

 

Вай ҳамчунин бо ишора ба муноқишаи Қарабоғ ва шароити марзҳои шимолӣ ва шимоли ғарби Эрон гуфт: «Амнияти марзҳо ва ин ки террористҳо ва гурӯҳакҳои террористӣ дар наздикии марзи Эрон ба ҳеч унвон ҳузур надошта бошанду марзҳои ҷуғрофиёӣ тағйир накунад, барои Теҳрон дорад.»

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба иқдомоти террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон аз ҷумла дар Афғонистон, Австрия ва Фаронса дар рӯзҳои гузашта гуфт: «Ҳамла ба ибодатгоҳ, мадраса ва донишгоҳ маҳкум аст. Онҳое, ки ба Паёмбари ислом иҳонат карданд кори ғалате анҷом доданд ва онҳое, ки террор мекунанд низ кори нодуруст, ғалат ва зиддиинсонӣ анҷом медиҳанд."

 

Бештар бихонед:

Барчасп