Ноябр 06, 2020 19:03 Asia/Dushanbe
  • Баҳодур Аминиён, сафири Эрон дар Кобул
    Баҳодур Аминиён, сафири Эрон дар Кобул

Сафири Эрон дар Кобул ва намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Афғонистон дар хусуси охирин таҳаввулоти ин кишвар гуфтугӯ ва ройзанӣ карданд.

Сафорати Эрон дар Кобул рӯзи ҷумъа дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер эълом кард, Баҳодур Аминиён, сафири Эрон дар Кобул бо Дебора Лионз, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Афғонистон гуфтугӯи созандае дошт.

Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони яке аз кишварҳои таъсиргузори минтақаи ғарби Осиё ва ҷаҳон ҳамвора ба дунболи ҳалли буҳронҳои минтақа, аз ҷумла буҳрони Афғонистон аз тариқи гуфтугӯ будааст.

Мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора эълом кардаанд, меҳвари талоши Эрон дар Афғонистон эҷоди суботу амният тавассути давлати ин кишвар аст ва Теҳрон дар ин роҳ аз ҳеч талоше дареғ нахоҳад кард.

 

Барчасп