Ноябр 07, 2020 17:48 Asia/Dushanbe
  • Корона ҷони 423 нафари дигарро дар Эрон гирифт

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 423 нафари дигар дар 24 соати гузашта дар кишвар бар асари олуда шудан ба вируси корона хабар дод.

ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи шанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: "Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта нӯҳ ҳазору 450  бемори ҷадиди Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод се ҳазору 70 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон расонда шуд.

Охирин омори бемории Ковид -19 дар Эрон то рӯзи 7 ноябри соли 2020

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон афзуд: "Мутаассифона дар 24 соати гузашта 423 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 37 ҳазору 832 нафар расид."

Лорӣ ҳамчунин гуфт: "Маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 673 ҳазору 250 нафар расидааст, ки токунун 515 ҳазору 153 нафар аз онон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд."

Теъдоди афроди гирифтори вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 49 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам як миллиону 250 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва беш аз 35 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп