Ҷон бохтани 459 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон
-
Ҷон бохтани 459 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 12 ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва фавти 459 нафар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.
"Симо Содоти Лорӣ " сухангӯии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт: бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 12 ҳазору 543 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид- 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 544 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамот ироа шуд.
Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид- 19 дар Эрон ба 762 ҳазору 68 нафар расидааст, афзуд: "Муттаассифона дар 24 соати гузашта, 459 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 41 ҳазору 493 нафар расидааст.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, токунун 558 ҳазору 818 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 54 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам як миллиону 319 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 38 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.
Бештар бихонед: