Шамхонӣ: Дастгирии ирода ва амнияти мардуми Ироқ сиёсати пойдори Эрон аст
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо таъкид бар он ки ҳимоят аз ирода ва амнияти мардуми Ироқ сиёсати устувори Теҳрон аст, гуфт, ҳамкориҳои дифоъӣ ва амниятии Эрону Ироқ субот ва амниятро таъмин мекунад.
Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, рӯзи якшанбе дар Теҳрон бо вазири дифоъи Ироқ Ҷумъа Анад Саъдун мулоқот кард ва бо ишора ба ҳамкориҳои хуб ва муассири дифоъӣ ва амниятии ду кишвар дар мубориза бо терроризми созмонёфтаи Амрико. Дар минтақа ва пуштибонии бемайлони Эрон барои наҷоти шаҳрҳои Ироқ аз ишғоли ДИИШ, вай изҳор дошт, ки ин ҳамкорӣ субот ва амниятро дар минтақа таъмин мекунад ва бояд ба сатҳи стратегӣ такмил ёфта ва ниҳодина шавад.
Шамхонӣ бо баёни ин, ки яке аз аҳдофи эъломии Амрико аз ҳузур дар минтақаи ғарби Осиё, эҷоди ихтилоф ва даргирӣ миёни кишварҳои минтақа аст, бар зарурати ҳушёрии ҳамаи кишварҳои минтақа барои муқобила бо ин тавтеаи шавам таъкид кард.
Дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон, ҳифзи амнияти марзҳои ду кишварро бисёр бо аҳамияти тавсиф ва изҳор кард, Эрон бо ҳаргуна муаллафаи ии ноамнӣ, ки бихоҳад оромиши мардуми ду кишварро бар ҳам занад, бо қотеъият бархурд хоҳад кард.
Шамхонӣ ҳамчунин бо ишора ба эътирофи сариҳи мақомоти аршади амрикоӣ мабнии ин ки ҳузури онон дар минтақаи ғарби Осиё ҷуз ҷангафрӯзӣ, бесуботӣ ва аз байн рафтани манобеи ҳаётии минтақа натиҷае надошта бо тамҷид аз мусаввабаи маҷлиси Ироқ барои хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ тасреҳ кард , яке аз муҳимтарин муаллафаҳои эҷоди сулҳу оромиш дар ин минтақа хурӯҷи комили низомиёни Амрико аст.
Дар идомаи ин дидор « Ҷумъа Иноди Саъдун» вазири дифои Ироқ низ бо қадрдонӣ аз ҳимоят ва кӯмакҳои ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар дафъи шари тероризм аз Ироқ, бар тақвияту густариши равобити Эрон ва Ироқ ба вижа дар ҳавзаҳои низомӣ ва амниятӣ таъкид кард.