Ноябр 16, 2020 17:32 Asia/Dushanbe
  • Шумори қурбониёни корона дар Эрон ба марзи 42 ҳазор нафар расид
    Шумори қурбониёни корона дар Эрон ба марзи 42 ҳазор нафар расид

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 13 ҳазор бемори нави мубтало ба вируси корона ва фавти 486 нафар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи душанбе гуфт, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта 13 ҳазору 53 бемори нави мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод се ҳазору 133 нафар бистарӣ шуданд.

Шумори мубталоён ба корона дар Эрон ба беш аз 13 ҳазор нафар расидааст

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 775 ҳазору 121 нафар расидааст, афзуд: маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ низ дар Эрон ба 41 ҳазору 979 нафар афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 564 ҳазору 699 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 55 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 325 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаву беш аз 38 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед: