Толоби Миёнколаи Мозандарон биҳиште барои паррандагон
Ноябр 19, 2020 12:48 Asia/Dushanbe
Толоби байналмилалии миёнкола яке аз макони маҳбубтарини паррандагони муҳоҷир аст.
Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс, толоби Миёнколаи Мозандарон дар нимҷазирае ба ҳамин ном қарор гирифтааст. Ин нимҷазираи борик аз шимол ба дарёи Хазар, аз ҷануб ба халиҷи Гургон, аз ғарб ба толоби Зоғмарз ва аз шарқ ба ҷазираи Ошурода мунтаҳӣ мешавад.
Боздид аз толоби Миёнкола бо муҷаввизи идораи Созмони ҳифозати муҳити зисти Беҳшаҳр имконпазир аст.