Ноябр 19, 2020 17:24 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани 476 нафар аз мубталоён ба вируси корона
    Ҷон бохтани 476 нафар аз мубталоён ба вируси корона

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 13 ҳазор бемори нави мубтало ба вируси корона ва фавти 476 нафар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи панҷшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт: бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта 13 ҳазору 223 бемори нави мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ шу, ки аз ин теъдод ду ҳазору  938 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамот ироа шуд.

Лорӣ бо баёни ин. ки маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 815 ҳазору 117 нафар расидааст, афзуд: Мутаассифона дар 24 соати гузашта, 476 нафар аз беморони Ковид-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 43 ҳазору 417 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 583 ҳазору 704 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 55 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 325 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаву беш аз 38 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп