Дидор ва музокираи Зариф ва Лавров дар Маскав
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия эълом кард, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия дар Маскав дар бораи Барҷом ва таҳаввулоти Қарабоғ дидор ва гуфтугӯ мекунанд.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Русия Мария Захарова имрӯз панҷшанбе гуфт: вузарои корҳои хориҷаи Эрон ва Русия Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Сергей Лавров 23 ноябр дар Маскав дар бораи мавзӯҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла авзои минтақаи Қарабоғ, вазъияти Барҷом, вазъияти Сурия ва Афғонистон ройзанӣ мекунанд.
Захарова илова кард, ки Лавров ва Зариф ният доранд, ки масъалаҳои дуҷониба, аз ҷумла ҷузъҳои тиҷоративу иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои асосии муштарак дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, дурнамои муносибатҳои фарҳангию башардӯстонаро баррасӣ кунанд.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия инчунин гуфт, ки ин чорумин сафари Зариф ба Маскав дар соли 2020 аст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон аз роҳандозии оташбас дар байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, тарафҳои муноқиша дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ пуштибонӣ кард.