Ноябр 20, 2020 21:02 Asia/Dushanbe
  • Маҷмӯи беморони коронаӣ дар Эрон ба беш аз 828 ҳазор нафар расидааст
    Маҷмӯи беморони коронаӣ дар Эрон ба беш аз 828 ҳазор нафар расидааст

Фавти 479 бемори коронаии дигар дар 24 соати гузашта дар Эрон шумори қурбониёни ин бемориро дар ин кишвар ба 43 ҳазору 896 нафар расонд.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон дар 24 соати гузашта, 13 ҳазору 260 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид- 19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 3 ҳазору 44 нафар бистарӣ шуданд.

Бар ин асос маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 828 ҳазору 377 нафар расидааст.

Ҳамчунин то кунун 589 ҳазору 25 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп