Ноябр 21, 2020 17:07 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон то 21 ноябри соли 2020
    Охирин омори корона дар Эрон то 21 ноябри соли 2020

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 431 бемори Ковид-19 дар 24 соати гузашта хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон Симо Содот Лорӣ рӯзи шанбе дар бораи охирин омори беморони корона дар кишвар ба хабарнигорон гуфт: "бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 12 ҳазору 931 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 155 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияти беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон расонда шуд."

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон Симо Содот Лорӣ

Лорӣ афзуд: "Мутаассифона  дар 24 соати гузашта, 431 нафар аз беморони Коаид-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 44 ҳазору 327 нафар расидааст."

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 841 ҳазору 308 нафар расидааст, ки токунун 596 ҳазору 136 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 58 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 379 ҳазор нафар  ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 40 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Барчасп