Ноябр 21, 2020 19:08 Asia/Dushanbe
  • Синамои Эрон дар ҷашнвораи байналмилалии филми Занони Ҳирот шаш ҷоиза ба даст овард
    Синамои Эрон дар ҷашнвораи байналмилалии филми Занони Ҳирот шаш ҷоиза ба даст овард

Шашумин ҷашнвораи байналмилалии филми занони Ҳироти Афғонистон бо тақдими шаш ҷоиза ба филмҳои эронӣ ба кор худ поён дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории донишҷӯёни Эрон  (ИСНА), ҷашнвораи байналмилалии филми занони Ҳирот аз 16 то 19 ноябр баргузор шуд ва дар ниҳояти филми синамоии "Метри шашуним"-и сохтаи Саиди Рустоӣ аз Эрон ҷоизаи беҳтарини филми баланди достони байналмилалро дарёфт кард.

Филми "Ҳавво"," Марям", "Оиша" сохтаи Саҳрои Каримӣ коргардони Афғонистонӣ ба таҳиякунандагии Катоюни Шаҳобӣ аз Эрон, ҷоизаи беҳтарини филми ҳунарӣ бо мавзӯи занонро гирифт.

Инчунин, яке аз ду ҷоиза барои беҳтарин нақши актриса ба Сара Баҳромӣ аз Эрон барои филми Беҳрӯзи Шоайб дар "Доркуб" дода шуд ва "Мулоқот"-и Озода Мусавӣ беҳтарин ҷоизаи бадеии кӯтоҳро ба даст овард.

Филми "Калоф" -ро коргардон Малиҳа Ғуломзода ба ҷоизаи беҳтарин аниматсия ва " Хотима"-и Ҳоди ва Меҳдии Зореъӣ ҷоиза барои беҳтарин филми мустанади  баландро ба даст оварданд.

Филми Афшин Ҳошимӣ бо номи "Худо ҳофиз духтари шерозӣ" низ барои таваҷҷӯҳи хосаш ба занон аз ин ҷашнвора қадрдонӣ шудааст.

Шашумин ҷашнвораи байналмилалии филми Занони Ҳирот дар ду бахши синамои ҷаҳонӣ бо мавзӯи кинои озод ва занон бахшида ба масъалаҳои занон баргузор шуд ва имсол аз 300 филми пешниҳодшуда аз 122 кишвар 73 филм аз 27 кишвар ба ҷашнвора ворид шуданд.
 

Бештар бихонед: 

Барчасп