Рушди 13 дар садии содироти Эрон ба Иттиҳодияи Аврупо
(last modified Sun, 22 Nov 2020 13:09:13 GMT )
Ноябр 22, 2020 18:09 Asia/Dushanbe
  • Рушди 13 дар садии содироти Эрон ба Иттиҳодияи Аврупо
    Рушди 13 дар садии содироти Эрон ба Иттиҳодияи Аврупо

Содироти Эрон ба Иттиҳодия Аврупо дар 9 моҳи соли 2020 милодӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 13 дар сад рушд доштааст.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи Ирна, бар асоси гузориши муовинати баррасиҳои иқтисодии утоқи Теҳрон, дар 9 моҳи 2020, Эрон муодили 563 милион евро мол ба Иттиҳодияи Аврупо содир карда, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 13 дар сад рушд доштааст.

Бар асоси ин гузориш дар ин муддат бештарин арзиши содироти молии Эрон ба Иттиҳодияи Аврупо ба гурӯҳи молии "Маводи ғизоӣ ва ҳайвоноти зинда" ихтисос дошта, ки муодили 222 миллион евро сабт шудааст.

Ин гузориш меафзояд, бузургтарин мақсади содиротии Эрон дар Иттиҳодияи Европа Германия аст, ки тайи 9 моҳи соли 2020 ҳудуди 36 дарсади арзиши содироти Эрон ба Иттиҳодияи Европа ба ин кишвар анҷом шуда, ки ҳудуди 7 дар сад рушд доштааст.

 

Бештар бихонед: