Корона ҷони 453 эронии дигарро гирифт
Ноябр 23, 2020 13:18 Asia/Dushanbe
-
Шумори гирифторони корона дар Эрон ба беш 45 ҳазор нафар расид
Вируси корона дар 24 соати гузашта 453 эронии дигарро ба коми марг бурд.
Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 12 ҳазору 460 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар ин кишвар шиносоӣ ва аз ин теъдод ду ҳазору 744 нафар бистарӣ шуданд.
Бар ин асос маҷмӯи беморони Ковид- 19 дар Эрон ба 866 ҳазору 821 нафар ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ низ ба 45 ҳазору 255 нафар расидааст.
То кунун 610 ҳазору 406 нафар аз беморон дар Эрон низ беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.
Бештар бихонед: