Ноябр 23, 2020 22:49 Asia/Dushanbe

Сешанбеи ҳаштуми рабеуссонии 1442 баробар бо 24 ноябри 2020, солрӯзи мелоди имом Ҳасан Аскарӣ (а) набераи гиромии паёмбари Ислом (с) ва башоратдиҳандаи мунҷии мавъуд (аҷ) аст.

Мардуми Эрон ҳарсола дар солрӯзи мелоди ёздаҳумин ситораи дурахшон аз насли поки набуввати шаҳрҳои худро аз озин мебанданду ин рӯзи бузургро ҷашн мегиранд, ки имсол ба далели шуюи корона ин маросим баргузор намешавад.
 
Ҳазрати имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар ҳаштуми рабеуссонии 232 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина дида ба ҷаҳон кушоданд. 

 

 
Эшон пас аз шаҳодати падари бузургворашон Имом Ҳодӣ (а) дар синни 22 солагӣ ба имомат расиданд ва дар даврони имомати 6 солаи хеш то замони шаҳодат бо радди шубҳаҳои динӣ, дар ҳифзу густариши дини Ислом ҳиммат гумоштанд ва бо табйини амалкарди мусулмонон дар замони ғайбат, ононро барои даврони ғайбати фарзандашони ҳазрати Маҳдии мавъуд (аҷ) омода карданд.


Ҳазрати имом Ҳасани Аскарӣ (а) муффасири беназири Қуръони Маҷид буданд ва дар даврони имомати хеш шеваи саҳеҳи тафсири ин китоби осмониро барои мардум равшан ва бо башорати омадани мунҷии мавъуд, мусулмононро ба дастёбӣ ба ормонҳои волои исломӣ умедвор карданд.


Радиои тоҷикии Садои Хуросон солрӯзи валодати имом Ҳасани Аскарӣ (а) -ро ба ҳамаи мусулмонон табрик мегӯяд.