Ноябр 24, 2020 17:45 Asia/Dushanbe
  • Сарони се қувваи муҷрия, қазоия ва қонунгузории Эрон бо Раҳбари инқилоби исломӣ дидор карданд
    Сарони се қувваи муҷрия, қазоия ва қонунгузории Эрон бо Раҳбари инқилоби исломӣ дидор карданд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, ба бегонагон наметавон итминон кард ва ба умеди кушоиши онҳо буд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи сешанбе дар дидори раисони се қувва ва дигар аъзои Шӯрои олии ҳамоҳангии иқтисодии Эрон, таҳримҳоро як воқеияти талху ҷинояти Амрико ва шарикони аврупоӣ зидди миллати Эрон донистанду гуфтанд: "Ин ҷиноят солҳо аст ки зидди миллати Эрон анҷом мешавад, аммо дар се соли ахир шиддат ёфтааст".

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба масири ғалаба бар таҳримҳову беасар кардани онҳо гуфтанд: "Ин масир мумкин аст дар ибтидои кор сахтиҳову мушкилоте дошта бошад, аммо бо талошу ибтикор ва бо сина сипар кардан дар муқобили мушкилот метавон бар таҳримҳо ғалаба карду тарафи муқобил агар беасар шудани таҳримҳоро бибинад, ба тадриҷ даст аз таҳрим бархоҳад дошт".

Кушоише аз хориҷ анҷом нахоҳад шуд

  • Эшон бо таъкид бар ин ки бояд биноро бар ин гузошт, ки кушоише аз хориҷ анҷом нахоҳад шуд, афзуданд: "Касоне ки иддае чашми умед ба онҳо доранд, шароити дохилиашон ба ҳеч ваҷҳ равшан нест ва наметавон рӯйи ҳарфи онҳо ҳисобу барномарезӣ кард".

 

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин ба ёвагӯиҳои ахири се кишвари аврупоӣ зидди Эрон ишора карданду гуфтанд: "Онҳо дар ҳоле ки худашон бештарин дахолатҳои нодурустро дар масоили минтақа доранд, ба Эрон мегӯянд, дар минтақа дахолат накунед ва дар ҳоле ки Англису Фаронса дорои мушакҳои вайронгари атомӣ ҳастанд ва Олмон низ дар ин масир қарор дорад, ба Ҷумҳурии исломии Эрон мегӯянд мушак надошта бошед". 
 
 
Бештар бихонед:
 

 

Барчасп