"Рустами паҳлавон" дар муассисаи фарҳангии ЭКО
(last modified Wed, 25 Nov 2020 08:29:59 GMT )
Ноябр 25, 2020 13:29 Asia/Dushanbe
  • Муассисаи фарҳангии Эко маҷмӯаи китобҳои \\\\\\\
    Муассисаи фарҳангии Эко маҷмӯаи китобҳои \\\\\\\"Рустами паҳлавон\\\\\\\"-ро нашр кард

Муассисаи фарҳангии ЭКО китоби "Достонҳои Рустами паҳлавон"-ро дар интишороти Орван мунташир кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин маҷмӯа дар 11 ҷилд фароҳам шуда ва достонҳои " Зол ва Рӯдоба" , " Рустам ва Афросиёб" , "Ҳафт хони Рустам" , " Набарди Ҳомоварон ва ҷанги ҳафт паҳлавон" , "Рустам ва Сӯҳроб" , " Достони Сиёвуш" ( дар ду бахш) , "Комуси Кашонӣ" , " Достони Аквондев" , " Бежану Манижа " ва " Рустам ва Исфандиёр "-ро дар бар мегирад.
 
Ин маҷмӯаи китобҳо ба забони равон ва насри бепироя аз ҷониби доктор Фаридуни Ҷунайдӣ, донишманди Шоҳномашинос ва  раиси бунёди Нишопур ва зери назари Ҳасани Қарибӣ ба фарзандони Рӯдакӣ дар Тоҷикистон тақдим шудааст.

Сарвар Бахтӣ Раиси муассисаи фарҳангии ЭКО дар муқаддамаи китоб бо таъкид бар ин ки нашри китоб аз муҳимтарин аҳдофи ин муассиса аст, дар бораи арзиш ва аҳамияти Шоҳнома навиштааст: «"Бешубҳа," Шоҳнома "-и Фирдавсӣ маъруфтарин ва муассиртарин китобест на танҳо дар минтақаи Эко, балки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ва гуфтан мумкин аст, ки ягон нависанда ва суханваре ёфт намешавад, ки аз афкори дурахшони Ҳаким Тӯс баҳра набурда бошад.»

 
Маҷмӯаи китоби " Рустами паҳлавон" ба сурати ойна, бо ҳуруфи форсӣ ва хати сирилик дар пешгоҳи хонандагон қарор гирифтааст,  ки ба омӯзиши ин ду хат барои алоқамандон мусоидат мекунад ва низ барои ошноии мардумони сарзамини Эко бо хати якдигар ва таҳкими пайвандҳои дерин муассир хоҳад буд.

 

Бештар бихонед: