Ноябр 25, 2020 16:35 Asia/Dushanbe
  • Шумори ҷонбохтагони Ковид -19 дар Эрон ба 46 ҳазору 207 нафар расидааст
    Шумори ҷонбохтагони Ковид -19 дар Эрон ба 46 ҳазору 207 нафар расидааст

469 нафар дар 24 соати гузашта дар Эрон бар асари ибтило ба бемории Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 13 ҳазору 843 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод ду ҳазору 370 нафар бистарӣ шуданд.

Бар ин асос, маҷмӯи беморони мубтало ба вируси корона дар Эрон ба 894 ҳазору 385 нафар ва шумори ҷонбохтагони ин беморӣ низ ба 46 ҳазору 207 нафар расидааст.

То кунун 625 ҳазору 606 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

 

Бештар бихонед: