Корона 469 нафарро дар Эрон ба коми марг кашонд
Ноябр 25, 2020 16:35 Asia/Dushanbe
469 нафар дар 24 соати гузашта дар Эрон бар асари ибтило ба бемории Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд.
Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 13 ҳазору 843 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод ду ҳазору 370 нафар бистарӣ шуданд.
Бар ин асос, маҷмӯи беморони мубтало ба вируси корона дар Эрон ба 894 ҳазору 385 нафар ва шумори ҷонбохтагони ин беморӣ низ ба 46 ҳазору 207 нафар расидааст.
То кунун 625 ҳазору 606 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Бештар бихонед:
- Ҷон бохтани 483 нафар аз гирифторони вируси корона дар Эрон
- Корона 150 шаҳрро дар Эрон ду ҳафта таътил кард