Ҷон бохтани 406 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон
-
Маҷмӯи беморони коронаӣ дар Эрон ба 922 ҳазору 397 нафар расид
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 14 ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва фавти 406 нафар дар 24 соати гузашта дар кишвар хабар дод.
Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи ҷумъа дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 14 ҳазору 51 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 245 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамоте ироа шуд.
Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 922 ҳазору 397 нафар расидааст, афзуд: Мутаассифона, дар 24 соати гузашта 406 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 47 ҳазору 95 нафар расидааст.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 640 ҳазору 65 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Бештар бихонед:
- Амрико монеи вуруди дору ва ваксина ба Эрон ҳатто дар даврони корона
- Тақсими ду миллиард доза ваксинаи корона дар кишварҳои фақир