Ноябр 27, 2020 21:18 Asia/Dushanbe
  • Ҷузъиёти табодули ҷосуси режими саҳюнистӣ бо се шаҳрванди эронӣ

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон, ҷузъиёти табодули ҷосуси режими саҳюнистӣ бо се шаҳрванди эрониро ташреҳ кард.

Кайли Мур Гилберт, табааи австралияӣ - англисӣ 21 сентябри 2018, ки бо ҳадафи ҷосусӣ ва ҷамъоварии иттилоот дар пӯшиши фаъолиятҳои пажӯҳишӣ ва исломшиносӣ ба Эрон омада буд, тавассути нерӯи иттилооти Эрон боздошт шуд.

Ин ҷосуси дутобеиятӣ пас аз тайи мароҳили қонунӣ ва қазоӣ ба ҷурми иқдом алайҳи амнияти миллӣ аз тариқи ҳамкории иттилоотӣ бо режими саҳюнистӣ ба 10 соли ҳабс маҳкум шуд ва пас аз 2 сол аз маҳкумияти худ, дар ниҳоят низоми ҷумҳурии исломӣ тасмим мегирад вайро бо се фаъоли иқтисодии эронӣ, ки ба баҳонаи давр задани таҳримҳо боздошт шуда буданд, табодул кунад.

Саид Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон, ки дар маросими табодули се зиндонии эронӣ дар Таиланд ва як табааи австралияӣ - англисӣ ҳузур дошт, ёдовар шуд: Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар натиҷаи як кори фишурдаи дипломатӣ бо ду кишвари Таиланд ва Австралия, ки беш аз як сол ба тӯли анҷомид, се зиндонии эронӣ дар Таиланд бо як зиндонии австралияӣ дар Теҳрон табодул шуданд.

Ироқчӣ афзуд, ин табодул дар навъи худ мунҳасир ба фард аст, зеро се кишвар дар ин табодул дахил буданд ва як таомули сеҷониба сурат гирифт, се эронӣ дар баробари танҳо як хориҷӣ озод шуданд.

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки табодул дар фурӯдгоҳи Теҳрон сурат гирифт, тасреҳ кард, аввал се эронӣ озод ва ба Теҳрон ворид шуданд, баъдан зиндонии австралияӣ аз кишвар хориҷ шуд.

Ироқчӣ бо ишора ба ин ки табодул бо як ҳавопаймои ихтисосии австралияӣ анҷом шуд, ки ибтидо зиндониёни эрониро ба Теҳрон мунтақил кард, афзуд: пас аз вуруди се эронӣ ба Теҳрон ва ибрози итминон аз саломатии онҳо, дастури азимати зиндонии австралияӣ дода шуд.

 

Бештар бихонед:

Лаҳзаи мубодилаи ҷосуси саҳюнистӣ бо се эронии зиндонӣ дар хориҷ + филм

 

 

 

 

 

 

Барчасп