Ноябр 27, 2020 21:26 Asia/Dushanbe
  • Гуштигири эронӣ - маҳбубтарин фарангикори ҷаҳон

Гуштигири пурифтихори эронӣ дар назарсанҷии Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ ба унвони маҳбубтарин фарангикори ҷаҳон интихоб шуд.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи ИРНА, Ҳамиди Суриён, гуштигири эронӣ, дорандаи ҳафт тилои ҷаҳон ва олимпӣ дар назарсанҷии Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ ба унвони маҳбубтарин фарангикори ҷаҳон шинохта шуд. Ин раъйгирӣ аз миёни 16 фарангикори бартари ҷаҳон анҷом шуд.

Суриён дар ин назарсанҷӣ беш аз 70 дарсади ороро ба худ ихтисос дод ва унвони маҳбубтарин фарангикори ҷаҳонро ба худ ихтисос дод.

Пеш аз ин низ Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ бо қарор додани номи 16 озодкори номии ошнои гуштии ҷаҳон аз алоқамандон ба гуштӣ дар саросари ҷаҳон хост, орои худро барои шинохти маҳбубтарин озодкори ҷаҳон эълом кунанд.

Дар поёни ин назарсанҷӣ Ҳасани Яздонӣ, гуштигири эронӣ, дорандаи 3 тилои ҷаҳон ва олимпӣ ба унвони маҳбубтарин гуштигири озоди ҷаҳон шинохта шуд.

 

 

 

Барчасп