Ноябр 28, 2020 11:00 Asia/Dushanbe
  • Трамп нақши Моссад дар террори шаҳид Фахризодаро таъйид кард
    Трамп нақши Моссад дар террори шаҳид Фахризодаро таъйид кард

Раисиҷумҳури Амрико бо бознашри паёми як хабарнигори режими саҳюнистӣ дар Твиттер ба таври зимнӣ даст доштани ин режим дар террори донишманди ҳастаии Эронро таъйид кард.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Доналд Трамп дар ин паём ёдовар шудааст, ки Муҳсини Фахризода солҳо таҳти таъқиби Созмони ҷосӯсии режими саҳюнистӣ (Моссад) будааст.

Дар ҳамин ҳол Муҳамадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар Твиттер бо ишора ба террори яке аз донишмандони барҷастаи эронӣ ба дасти террористҳо навишт: “ин амали буздилона, ки шавоҳиди ҷиддӣ аз нақши Исроил дар он дида мешавад, нишондиҳанда ҷангталабӣ аз сари бечорагии муртакибони он аст”.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп