Трамп нақши Моссад дар террори шаҳид Фахризодаро таъйид кард
Ноябр 28, 2020 11:00 Asia/Dushanbe
Раисиҷумҳури Амрико бо бознашри паёми як хабарнигори режими саҳюнистӣ дар Твиттер ба таври зимнӣ даст доштани ин режим дар террори донишманди ҳастаии Эронро таъйид кард.
Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Доналд Трамп дар ин паём ёдовар шудааст, ки Муҳсини Фахризода солҳо таҳти таъқиби Созмони ҷосӯсии режими саҳюнистӣ (Моссад) будааст.
Дар ҳамин ҳол Муҳамадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар Твиттер бо ишора ба террори яке аз донишмандони барҷастаи эронӣ ба дасти террористҳо навишт: “ин амали буздилона, ки шавоҳиди ҷиддӣ аз нақши Исроил дар он дида мешавад, нишондиҳанда ҷангталабӣ аз сари бечорагии муртакибони он аст”.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Террори яке аз донишмандони ҳастаии Эрон дар Теҳрон
- Вокуниши мақомоти Эрон ба террори ноҷавонмардонаи донишманди ҳастаии ин кишвар