Ноябр 28, 2020 12:13 Asia/Dushanbe
  • Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба террори шаҳид Муҳсини Фахризода
    Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба террори шаҳид Муҳсини Фахризода

Интишори хабари буздилонаи донишманди ҳастаии Эрон, шаҳид Муҳсини Фахризода, вокунишҳои мутафовити бисёреро дар миёни мақомот, созмонҳои байналмилалӣ ва таҳлилгарони сиёсии ҷаҳону минтақа дар пай доштааст, ки ин вокунишҳо ва изҳориназрҳо ҳамчунон идома дорад.

Асри рӯзи ҷумъа Муҳсини Фахризода, муовини вазири дифои Эрон ва аз донишмандони ҳастаии ин кишвар дар Теҳрон ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт ва ба шаҳодат расид.

Муовини сафири доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дар вокуниш ба ин ҷиноят гуфт, террори донишманди эронӣ бо чароғи сабзи Амрико барои террорҳои сиёсии бурунмарзӣ анҷом шуд.

Амрико ба террорҳои сиёсии бурӯнмарзӣ чароғи сабз нишон медиҳад

Дмитрий Полянский дар ин замина ба гузориши Ню-Йорк таймс ишора кард, ки дар он ба нақл аз се мақоми иттилоотӣ, режими саҳюнистиро омили ин террор муаррифӣ кардааст.

Вай дар саҳфаи “Твиттер”-ии худ навишт: “ончӣ таҳлили рӯзномаи Ню-Йорк Таймс мегуяд, бозтобе аз омодагии Амрико барои эътои чароғи сабзе ба террорҳои сиёсии бурӯнмарзӣ аст ва ин чизе нест, ки як кишвари демократӣ, ба рух бикашад”.

 

Вокуниши мақомоти амрикоӣ ба террори донишманди ҳастаии Эрон

Крис Мерфи, сенатори демократи Амрико дар Твиттер навишт: “агар ҳадафи аввалияи ин террор сахттар кардани бозгардондани тавофуқи ҳастаии Эрон бошад, ин иқдом, Амрико, Исроил ап ҷаҳонро амнтар наме‌кунад.

Ҷон Бреннан раиси пешини созмони "CIA" ҳам ин террорро як иқдоми ҷиноӣ донист ва ҳушдор дод ин иқдом мумкин аст, мунҷар ба интиқоми маргбор ва даври ҷадиди даргириҳо дар минтақа шавад.

Бозтоби террори шаҳид Муҳсини Фахризода дар нашриёти англисӣ

Торномаи шабака ББ‌С дар Англис ҳам ҳамсӯ бо сиёсатҳои зиддиэронии Амрико ва режими саҳюнистӣ талош кард то шаҳодати Фахризодаро ба нигарониҳо дар бораи коҳиши тааҳҳудоти БарҶом-ӣ ва афзоиши захоири уран дар Эрон нисбат диҳад ва унвон кард, ки ном ӯ дар феҳрасти сервисҳои ҷосӯсии Ғарб будааст.

“Daily Mail”: Исроил муттаҳам аст, ҳудӯди 10 сол пеш чандин донишманди ҳастаии Эронро террор кардааст

Нашрияи “Daily Mail”низ дар гузорише тасовири мунташир шуда аз ҳамлаи сӯратгирифта алайҳи ин мудири аршади санъати дифоии Эронро такондиҳанда хонд ва афзуд: “Исроил муттаҳам аст, ҳудӯди 10 соли пеш чандин донишманди ҳастам Эронро террор кардааст”.

Рӯзномаи англисии Гордиян низ дар гузорише, террори шаҳид Фахризодаро ба талошҳо барои ҷилавгирӣ аз бозгашти давлати Ҷо Бойден ба тавофуқи ҳастаии Эрон нисбат дод ва афзуд: “Исроил ва Арабистон моиланд, ки Амрико хориҷ аз БарҶом бошад ва ба сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Теҳрон идома диҳад”.

дар ин миён Антониу Гутерриш, дабири кули СММ дар вокунише ғайри мунтазира ба террори донишманди ҳастаии Эрон ба ҷои маҳкӯм кардани ин ҷиноят, аз ҳамаи тарафҳо хост аз афзоиши танишҳо худдорӣ кунанд!

Дар кишварҳои минтақа низ гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ дар Ироқ,  Ансоруллоҳи Яман ва Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судӯри паёмҳои ҷудогона, ин ҷиноятро маҳкӯм ва онро иқдоми буздилона тавсиф карданд.

Ҳамчунин токунӯн кишварҳое монанди Малайзия ва Венесуэла бо маҳкӯм кардани ин амалиёти террористӣ, шаҳодати ин донишманди эрониро ба давлату миллати Эрон таслият гуфтаанд.

 

Барчасп