Ноябр 28, 2020 15:40 Asia/Dushanbe
  • Боз ҳам террори як донишманди ҳастаии Эрон
    Боз ҳам террори як донишманди ҳастаии Эрон

Раиси Созмони пажӯҳиш ва навоварии Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Мӯҳсин Фахризода асри дирӯз (ҷумъа) дар як ҳамлаи террористӣ дар атрофи Теҳрон ба шаҳодат расид.

Ин нахустин бор нест, ки як донишманди эронӣ  ҳадафи иқдоми террористӣ ҷарор мегирад. Бо таваҷҷӯҳ ба мавориди мушобеҳ аз ин террорҳо дар солҳои қабл; ду пурсиш матраҳ мешавад:

Нахуст ин ки ангеза ва аҳдофи террори донишмандон ва ба вижа нухбагони ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон чист?

Дуввум он ки, террори донишмандони ҳастаии Эрон тавассути кадом давлатҳо ва созмонҳои террористӣ тарроҳӣ ва бо ҳамкории чӣ аносире анҷом мешавад?

Бе тардид яке аз аҳдофи ин террорҳо эҷоди вифқа дар рушд ва боландагии Эрон дар мабоҳиси илмӣ, дифоӣ ва дониши ҳастаӣ аст. Шахсиятҳои эронии терроршуда донишманд будаанд ва ҳеҷ гуна таҳдиде барои кишварҳои дигар эҷод накардаанд. Танҳо далели террори онҳо тарс аз дониши онҳо ва пешрафти миллати Эрон аст. Шаҳид Фахризода низ аз ҷумлаи донишмандони барҷаста ва яке аз панҷ шахсияти Эрон аст, ки дар феҳристи 500 нафарии қудратмандтарин афроди ҷаҳон аз сӯи нашрияи америкоӣ Форен Полиси муаррифӣ шудааст.

Аммо дар посух ба суоли дуввум бояд гуфт; Авомили режими саҳюнистӣ пеш аз ин чанд донишманди ҳастаии Эронро террор кардаанд. террори Манучеҳр Шаҳриёрӣ ва Масъуд Алимуҳаммадӣ аз ҷумлаи ин иқдомоти террористӣ аст.Террори Мӯҳсин Фахризода низ аз ҳамин зовия мавриди таваҷҷӯҳи маҳофили хабарӣ қарор гирифтааст. Шабакаи хабарии "Ал-Маёдин" дар гузорише пас аз интишори хабари террори донишманди барҷастаи Эрон; ба нақл аз расонаҳои саҳюнистӣ аз эҳтимоли даст доштани Тел-Авив дар ин террор ба изҳороти ахири Бенямин Натаняҳу ишора кард, ки гуфтааст; "Ин ҳафта корҳои зиёде анҷом додаам, ки наметавонам дар бораи ҳамаи онҳо ҳарф бизанам."

Хабарнигор ва таҳлилгари амнияти исроилӣ Румен Бергман дар марти 2019, фош кард, ки Моссад 15 донишманди эрониро шиносоӣ карда ва шаш нафар аз онҳоро, ки умдатан ҳангоми субҳ дар масири маҳалли корашон буданд, бо бомбаҳое, ки ба мошинҳояшон гузошта мешавад ҳадаф қарор дод.

Нашрияи олмонии "Шпигел" низ дар гузорише пас аз шаҳодати шаҳид Дорюш Ризоиён навишт: "Террори донишмандони эронӣ кори Моссад аст.

Қарор доштани номи бархе донишмандони терроршуда дар гузоришҳои маҳрамонаи МАГАТЭ ва дастрасии созмонҳои саҳюнистӣ ба иттилооти маҳрамонаи агентӣ; мавзӯи муҳими дигарест, ки дар он замон ба шакли маънодоре иртиботи миёни ин ҷараёнҳо ва террорҳоро матраҳ кард.

Сеймур Ҳерш, таҳлилгари амрикоӣ, дар як мақола навиштааст, ки қатли олимони эронӣ як лоиҳаи муштараки Исроил ва ИМА мебошад; Иёлоти Муттаҳида муддати тӯлонӣ як гурӯҳи мунофиқонро дар биёбони Невада барои гузаронидани амалҳои тахрибкорӣ ва суиқасд омода кардааст.

Дар ҳоле, ки кишварҳои мудаии мубориза бо терроризм аз ҳар фурсате бо иттиҳомҳои сохтагӣ ва сенариясозиҳои мухталиф сайъ мекунанд Эронро омили терроризм ва ноамнӣ нишон диҳанд. Акнун бояд дид оё ин иқдомоти террористӣ чӣ гуна аз нигоҳи маҷомеи байналмилалӣ маҳкум мешавад?

Донишмандони миллати Эрон нишон додаанд, ки барои расидан ба аҳдофи худ аз ҳеч ҷинояте аз террори генерал шаҳид Қосим Сулаймонӣ. фармондеҳи сипоҳи Қудс, ки дар нобудии ДИИШ ва мубориза бо терроризми мавриди ҳимоти Амрико, Исроил ва Арабистон нақши бузурге дошт; то ҳазфи физикӣ ва террори донишмандони эронӣ дар арсаҳои илмӣ ва дифоӣ рӯйгардон набудаанд. Ин ҷиноятҳо қатъан таҳти пайгирӣ қарор мегирад ва посухи он дода хоҳад шуд. Агарчӣ аз даст додани нухбагон ва донишмандоне ҳамчун Мӯҳсин Фахризода барои миллати Эрон як зоеа аст, аммо тарроҳониин ҷиноёт боз ҳам дучори хатои муҳосиботӣ шудаанд. Чунки таҳаввулотҳои илмӣ дар Эрон ниҳодина шудааст ва қатъан роҳи ин шаҳидон бо азму иродаи қавитаре думбол хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед: 

 

Барчасп