Таҷамуъи эътирозӣ муқобили Шӯрои олии амнияти миллии Эрон
(last modified Sat, 28 Nov 2020 11:19:00 GMT )
Ноябр 28, 2020 16:19 Asia/Dushanbe

Шуморе аз талабаҳо, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва қишрҳои мухталифи мардуми Эрон дар эътироз ба террори ноҷавонмардонаи шаҳид Муҳсин Фахризода бо таҷаммуъи муқобили бинои Шӯрои олии амнияти миллии ин кишвар интиқом аз омилони террори донишманди ҳастаии Эронро хостор шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, ширкаткунандагон дар ин таҷаммуъ бо сар додани шиъорҳое хостори гирифтани интиқом аз авомили ин ҷиноят шуданд.

Муҳсини Фахризода, раиси Созмони пажӯҳиш ва навоварии Вазорати дифо пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ асри дирӯз (ҷумъа) дар як ҳамлаи террористӣ дар атрофи Теҳрон ба шаҳодат расид.

БЕШТАР БИХОНЕД:

Паёми муҳими раҳбари муъаззами инқилоб дар пайи террори донишманди ҳастаии Эрон

Филме аз ҷузъиёти ҷадиди ҳодисаи террори шаҳиди Муҳсини Фахризода+ акс