Ноябр 29, 2020 10:01 Asia/Dushanbe
  • Талоши ҷамъӣ барои таъмини амният ва субот дар минтақа аз аҳдофи созмони Шанхай аст
    Талоши ҷамъӣ барои таъмини амният ва субот дар минтақа аз аҳдофи созмони Шанхай аст

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Чин дар номае ба дабири кули Созмони Ҳамкории Шанхай аз вай хост, аз тамоми зарфиятҳои дипломатӣ ва қонӯнии ин созмон ба манзури кумак ба шиносоӣ ва муҳокимаву муҷозоти муртакибони террори шаҳид Муҳсини Фахризода истифода кунад.

Ба гузориши ИРНА, дар остонаи баргузории нишасти сарони созмони Шанхай, Муҳаммади Кишоварззода, сафири Эрон дар Чин дар номае хитоб ба Владимир Норов, дабири кули Созмони Ҳамкории Шанхай бо ишора ба террори яке аз барҷастатарин донишмандони эронӣ дар сояи сукӯт ва беамалии ҷомеъаи байналмилалӣ таъкид кардааст: “ин ҷиноят аввалин маврид аз ин дасти набуда ва дар идомаи сиёсатҳо ва иқдомоти ғайриқонӯнӣ ва хасмонаи бархе давлатҳо алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар террори донишмандон ва нухбагони эронӣ аст”.

Дар идомаи ин нома омадааст: яке аз аҳдофи аслӣ аз ташкили Созмони Ҳамкории Шанхай, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ба унвони узви нозир дар он ҳузур дорад, талоши ҷамъии мутааҳҳидонаи кишварҳои узв барои таъмини амният ва субот дар минтақаи Авруосиёва муқобила бо таҳдидоти ношӣ аз тероризм, ҷудоиталабӣ ва ифротгароӣ аст.

Сафири Эрон дар Чин таъкид кардааст, акнӯн ва дар шароите, ки бархе кишварҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ бо иртикоби ҷиноёти мухталиф саъй дар афзоиши танишҳо ва моҷароҷӯиҳои хатарнок дар ғарби Осиё доранд, шоиста аст Созмони Шанхай зимни маҳкӯмияти иқдоми террористии ахир, аз тамоми зарфиятҳои дипломатӣ ва қонӯнии дар ихтиёри худ ба унвони як созмони байналмилалӣ барои кумак ба шиносоӣува муҳокимаи муртакибон ва омирону ҳомиёни давлатӣ ва ғайридавлатии ин амали муҷримона ва ҷилавгирӣ аз такрори он дар оянда истифода кунад.

19- умин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай рӯзи душанбе дар Деҳлии Нав баргузор ме‌шавад.

 

 

Барчасп