Як донишманди ҳастаии дигар террор шуд!
-
Самти рост: Рафаэль Гросси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ. Самти чап: Нуно Ф. Лоурейро, устоди барҷастаи Донишгоҳи муассисаи фанноварии Массачусетс, ки дар Амрико кушта шуд
Порс Тудей - Нуно Ф. Лоурейро, устоди барҷастаи донишгоҳи амрикоии MIT (муассисаи фанноварии Массачусетс, мудири маркази улӯми пласма ва ҳамҷушӣ, пас аз тирандозӣ дар Бруклин ҷон бохт.
Мақомоти амрикоӣ эълом карданд, Нуно Ф. Лоурейрои 47 сола, субҳи рӯзи сешанбе пас аз онки душанбешаб дар Бруклин ҳадафи гулӯла қарор гирифт, дар як бемористони маҳаллӣ ҷон бохт.
Порс Тудей ба нақл аз Newsweek аҳаммияти таваҷҷуҳ ба марги ин донишманди ҳастаиро ин гуна тавзеҳ медиҳад: «марги ин устоди донишгоҳ танҳо чанд рӯз пас аз тирандозии дигаре дар донишкадаҳои муҳандисӣ ва физики Донишгоҳи Браун рух дод. Ҳамчунин пас аз чандин тирандозии пур сарусдо дар соли ҷорӣ, аз ҷумла террори Melissa Hortman, намояндаи демократи Маҷлиси иёлатии Minnesota ва ҳамсараш дар хонаашон.» Newsweek дар поён ба террори фаъоли муҳофизакор, Charlie Kirk ишора мекунад! Шахсияте, ки бисёре аз расонаҳо марги ӯро ба Исроил мунтасаб карданд. Оё ин рӯзнома аз канори ҳам чидани ин террорҳо мехоҳад ин натиҷаро бигирад, ки мумкин аст, ин террор низ тавассути режими саҳюнистӣ сӯрат гирифта бошад.
Ба навиштаи Newsweek, Нуно Ф. Лоурейро сирфан як устод донишгоҳ набуд. Ӯ мудирияти «Маркази улӯми пласма ва ҳамҷушӣ»-и донишгоҳи MIT (муассисаи фанноварии Массачусетс)-ро бар ӯҳда дошт ва ҳам замон устоди гуруҳҳои муҳандисии ҳастаӣ ва физики ин донишгоҳ буд; ҳавзаҳое, ки дар зумраи ҳассостарину роҳбурдитарин шохаҳои илмӣ қарор доранд. Лоурейро ба далели фаъолиятҳояш дар заминаи тавлиду тақвияти майдонҳои миғнотисӣ дар ҷаҳон, ҷоизаи «раёсатҷумҳурӣ барои пажӯҳишгарону муҳандисон дар оғози масири ҳирфаӣ»-ро аз Ҷо Байден дарёфт карда буд. Ӯ дар моҳи июн, дар иттилоияи расмӣ аз сӯи MIT эълом кард, «оғозгари даврони тозае аз пажӯҳиши ҳамҷушӣ дар MITаст; давроне, ки дар он талош мешавад, печидатарин чолишҳои фанноварии ҳамҷушӣ, мутаносиб бо фаврияти масаълагузории энержӣ, дар бозаҳои замонии кӯтоҳтар ҳал шавад».
Пас Лоурейро танҳо як устоди донишгоҳ набуд, балки яке аз чеҳраҳои фаъол дар ҳавзаи улӯми пласма ва фанновариҳои муртабит бо ҳамҷушии ҳастаӣ буд; ҳавзае, ки солҳост дар конӯни рақобатҳои амниятӣ ва иттилоотии қудратҳои ҷаҳонӣ қарор дорад. Бадномтарин режим дар ин замина режими саҳюнистӣ аст; Исроил дар солҳои гузашта, террор ё ҳазфи физикии донишмандони фаъол дар ҳавзаҳои роҳбурдӣ бавижа донишмандони ҳастаиро ба унвони яке аз абзорҳои шинохта шуда дар ҷангҳои пайдо ва пинҳонаш дар дастури кор қарор додааст.
Имрӯз ин режим доманаи террорҳои худро дар саросари дунё ҳатто байни дӯстони худ густариш додааст. Намунаи боризи он, марги Charlie Kirk аст, ки бисёре аз расонаҳои амрикоӣ муттаҳами радифи яки ин террорро Исроил донистаанд. Оё интихоби як устоди фаъол дар ҳавзае ба шиддати ҳассос, он ҳам дар шароите, ки ҳеҷ мазнӯне муаррифӣ нашуда, метавонад, тасодуфӣ бошад? Дар ҳоле, ки таҳқиқоти расмӣ ҳамчунон идома дораду мақомот аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ мекунанд, набуд ҳар гуна мазнӯни мушаххас, худ ба гумоназаниҳо доман задааст.