Харозӣ: Посухи Эрон ба террори шаҳид Фахризода ҳисобшуда ва қотеъ хоҳад буд
(last modified Sun, 29 Nov 2020 12:29:56 GMT )
Ноябр 29, 2020 17:29 Asia/Dushanbe
  • Харозӣ: Посухи Эрон ба террори шаҳид Фахризода ҳисобшуда ва қотеъ хоҳад буд
    Харозӣ: Посухи Эрон ба террори шаҳид Фахризода ҳисобшуда ва қотеъ хоҳад буд

Раиси Шӯрои Стратегии равобити хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба қатли шаҳид "Муҳсин Фахризода" посухи ҳисобӣ ва қатъӣ хоҳад дод.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи Ирна, Раҳбари Шӯрои Стратегии равобити хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Камол Харозӣ дар паёме зимни маҳкум кардани террор ва ба шаҳодат расондани донишманди шаҳид Муҳсин Фахризода таъкид кард: Бидуни шак, Ҷумҳурии Исломии Эрон посухи ҳисобшуда ва қатъиро ба ҷинояткороне, ки шаҳид Фахризодаро аз миллати Эрон гирифтанд хоҳад дод.

Харозӣ афзуд: умидворем руҳи пурфутуҳи он родмард, ки лаҳзае аз пайгирии аҳдофи илмии худ дар ҷиҳати таъмини амнияти кишвар ва дифоъ аз меҳани азизамон Эрон ғафлат наварзид, бо шуҳадои азизи Эронзамин ба вижа генерали майдони ҷанг ва дипломатияи генерал шаҳид Қосим Сулаймонӣ маҳшур гардад.

Авомили террористии рӯзи ҷумъа, 27 ноябр, Раиси созмони пажӯҳиш ва навоварии Вазорати дифои Эронро амалиёти интихоботӣ ва мусаллаҳона ба шаҳодат расонданд.