Ҷон бохтани 389 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон
(last modified Sun, 29 Nov 2020 13:06:17 GMT )
Ноябр 29, 2020 18:06 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани 389 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон
    Ҷон бохтани 389 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 12 ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва фавти 389 нафар дар 24 соати гузашта дар кишвар хабар дод.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи ҷумъа дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 12 ҳазору 950 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод як  ҳазору 795 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамоте ироа шуд.

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 948 ҳазору 749 нафар расидааст, афзуд: Мутаассифона, дар 24 соати гузашта  389 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 47 ҳазору 874 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 658 ҳазору 292 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 63 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам як миллиону 460 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 43 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Амрико ҳамчунон бо ҳудуди 14 миллион мубтало ба вируси корона ва дасти кам 272 ҳазор қурбонӣ бештарин теъдоди мубталоён ва ҷонбохтагонро ба худ ихтисос додааст.

 

Бештар бихонед: