Ноябр 30, 2020 11:25 Asia/Dushanbe
  • Кишварҳои мухталиф эътироф кардаанд, ки ин ҷиноят наметавонад ба пешрафти барномаи ҳастаии Эрон халал расонад
    Кишварҳои мухталиф эътироф кардаанд, ки ин ҷиноят наметавонад ба пешрафти барномаи ҳастаии Эрон халал расонад

Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба террори донишманди мумтози ҳастаӣ ва саноати дифоии Эрон шаҳид Муҳсини Фахризода ҳамчунон идома дорад ва мақомоти кишварҳои мухталиф изъон кардаанд, ки ин ҷиноят ва терроризми давлатӣ наметавонад монеъ аз пешрафти саноати ҳастаии Эрон шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид "Стивен Дюжаррик",  дар бораи террори шаҳид Муҳсини Фахризода гуфт: мо ҳар гуна террор ё қатли хориҷ аз қонунро маҳкум мекунем ва хештандорӣ ва  ҷилавгирӣ аз ҳар иқдоме, ки ба ташдиди таниш дар минтақа мунҷар шавадро хосторем.
 
Сухангӯи масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо  Ҷозеф Боррел ҳам бо судури баёнияе террори шаҳид Фахризода донишманди мумтози ҳастаӣ ва саноати дифоии Эронро иқдоми ҷинояткорона ва муғойири усули эҳтиром ба ҳуқуқи башари Иттиҳодияи Аврупо донист.
 
Раиси комитети умури байналмилали Шӯрои федератсияи Русия Константин Касачёв ҳам дар паёме дар сафҳаи Фейсбуки худ навишт: вокуниши Эрон дар мавриди террори донишманди ҳастаии ин кишвар Фахризодаи  хирадмандона аст, яъне Теҳрон масирии мутаммадинро тай мекунад бар хилофи афроди пушти парда, ки ин ҳамларо бо ҳадафи суботзудоӣ  созмондиҳӣ карданд.
 
Вазири хориҷаи Қатар Муҳаммад Бин Абдураҳмон Ол Сонӣ,  вазири умри хориҷаи Ироқ Фавод Ҳусейн, вазири умри хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов, вазири умури хориҷаи Сурия Файсал Ал-Мақдод,  вазири умӯуи хориҷаи Англис Доминик Роб, вазорати умури хориҷаи Туркия, Венесуэла, Белгия Чин, Шветсария ва Олмон бо тамосҳои телефонии ҷудогона ё судури баёнияҳои расмӣ зимни ибрози таассуф аз вуқуъи ин ҷинояти террористӣ ин ҳодисаро барҳамзанандаи оромишу сулҳи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дониста ва онро ба шиддат маҳкум карданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп