Ноябр 30, 2020 16:46 Asia/Dushanbe
  • Пайкари шаҳид Фахризода дар ҳарами Имомзода Солеҳ (а) дар Теҳрон ба хок супурда шуд
    Пайкари шаҳид Фахризода дар ҳарами Имомзода Солеҳ (а) дар Теҳрон ба хок супурда шуд

Пайкари муттаҳари шаҳиди донишманд Муҳсини Фахризода имрӯз дар Ҳарами Имомзода Солеҳ (а) дар Теҳрон ба хок супурда шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикиии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, пайкари поки донишманди ҳастаии Эрон шаҳид Муҳсин Фахризода дар ҳарами Имомзода Солеҳ (а) дар Теҳрон дар ҷавори шуҳадои гумном ва мазори дигар донишманди ҳастаии Эрон шаҳид Шаҳриёрӣ, ки даҳ сол пеш ба дасти террористҳои ҷинояткор ба шаҳодат расид, ба хок супурда шуд.

Ин маросим бо ҳадафи риояти муқаррароти коронаӣ бидуни эъломи умумӣ баргузор шуд.

Ҳарами нуронии Имомзода Солеҳ (а) бародари гиромии Имом Ризо (а) дар шимоли шаҳри Теҳрон воқеъ шудааст.

Лаҳзаи вуруди пайкари шаҳид Фахризода ба ҳарами Имомзода Солеҳ (а)

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Амир Сартип Ҳотамӣ дар маросими дафни пайкари муттаҳари шаҳид Муҳсини Фахризода гуфт: "Мо имрӯз бо шахсияте видоъ мекунем, ки аз навҷавонӣ бо худои худ паймони росухи адои ҳақ баст ва бар ин паймон пой фишурд ва истиқомат кард ва имрӯз ба ин паймон вафо кард ва ба шарафи шаҳодат расид.

Амир Ҳотамӣ хитоб ба душманони Эрони исломӣ афзуд: "Магар на инки бузургтарин таҳдид алайҳи башарият ҳамин силоҳҳои ҳастаӣ аст, ки шумо онҳоро анбошта кардаед? Инҳо барои чист? Оё декур (ороиши) дар манозили шумост?

Вазири дифои Эрон таъкид кард: Душман медонад ва ман ҳам ба унвони як сарбоз ба ӯ мегӯям ҳеҷ ҷинояте, ҳеҷ терроре ва ҳеҷ кори аҳмақонае дар назди миллати Эрон бе посух нахоҳад монд ва ҳатман ҷинояткоронро то интиҳо таъқиб хоҳем кард.

Видоъ бо шаҳид Фахризода
Видоъ бо шаҳид Фахризода
Видоъ бо шаҳид Фахризода
 
Видоъ бо шаҳид Фахризода

Террористҳои кӯрдил асри ҷумъаи гузашта дар амалиёти мусаллаҳона донишманди ҳастаӣ ва дифоии Эрон Муҳсини Фахризодаро ба шаҳодат расонданд.

Барчасп