Декабр 02, 2020 17:00 Asia/Dushanbe
  • Шумори қурбониёни корона дар Эрон рӯ ба коҳиш гузоштааст
    Шумори қурбониёни корона дар Эрон рӯ ба коҳиш гузоштааст

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз ҷон бохтани 362 нафар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар бар асари ибтило ба Ковид -19 хабар дод, ки дар муқоиса бо як ҳафтаи қабл беш аз сад нафар коҳиш нишон медиҳад.

Дар натиҷаи ҷорӣ шудани даври ҷадиди маҳдудиятҳои коронаӣ дар Эрон дар 12 рӯзи ахир, раванди маргу мири рӯзона бар асари ин бемориро коҳиш дода аст.

  • Бар асоси тозатарин омори Вазорати беҳдошти Эрон, дар 24 соати гузашта 13 ҳазору 621 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод ду ҳазору 246 нафар бистарӣ шуданд.

Бар ин асос, маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 989 ҳазору 572 нафар ва шумори қурбониёни ин беморӣ ба 48 ҳазору 990 нафар расидааст.

То кунун 678 ҳазору 54 нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 64 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 488 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 44 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед: