Декабр 04, 2020 17:49 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар бораи интишори иттилооти барномаи ҳастаии худ ба Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳушдор дод
    Эрон дар бораи интишори иттилооти барномаи ҳастаии худ ба Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳушдор дод

Сафир ва намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалӣ дар Вена ба Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳушдор дод, иттилооти барномаи ҳастаии Эронро мунташир накунад.

Ба гузориши ИРНА, Козими Ғарибободӣ бо ирсоли номае ба мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ки рӯзи панҷшанбе мунташир шуд, хостори он шуд, ки ожонс террори Муҳсини Фахризода, донишманди барҷастаи ҳастаӣ ва санъати дифоии Эронро шаффофу беқайду шарт маҳкум кунад.

Сафир ва намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена бо ишора ба ин ки ҳифозати Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аз иттилооти маҳрамона аз аҳамияти болое бархӯрдор аст, ёдовар шуд: “Қавийян, интизор меравад, ожонс ба равияи интишори ғайризарурии иттилооти тафсилии барномаи ҳастаии Эрон дар гузоришҳои худ поён диҳад”.

Ғарибободӣ бо ишора ба ин ки шавоҳиди асосии ошкоре, даст доштан ва масъуляти режими саҳюнистӣ дар ин ҳамлаи террористиро нишон медиҳад, таъкид кард: “Террори доктори Муҳсини Фахри‌зода идомаи иқдомоти террористӣ аст, ки аз як даҳа қабл бо террори чандин донишманди ҳастаии Эрон дар солҳои 2010, 2011 ва 2012 оғоз шуд”.

Дипломати аршади эронӣ таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳаққи зотии дифоъ аз худ ва посух додан ба ин ҳамлаи террористӣ мутобиқ бо маншури милали муттаҳид ва ҳуқуқи байналмилалро маҳфуз ме‌донад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп