Октябр 15, 2016 10:07 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Эрон нисбат ба мусаллаҳ кардани режими саҳюнистӣ ва Арабистон

Сафир ва муовини намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид ба иқдоми бархе кишварҳо дар судури силоҳ ба минтақаи Ховари Миёна, бавижа ба Арабистон ва режими саҳюнистӣ ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Ғуломҳусейни Деҳқонӣ, сафир ва муовини намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид зимни ташреҳи хатарҳои барномаи силоҳҳои ҳастаии режими саҳюнистӣ ба зарурати халъи силоҳи ҳастаии ин режим ва ҷилавгирӣ аз пайваста ирсол намудани силоҳҳои таҳоҷумӣ ба Арабистони Саудӣ таъкид кард. Ғуломҳусейни Деҳқонӣ дар иҷлоси солонаи Кумитаи халъи силоҳ ва амнияти байналмилалии Маҷмаи умумии Созмони Милал афзуд, Эрон аз оқибатҳои бесуботкунандаи воридшавии чунин силоҳҳо ба минтақа, бавижа ба Арабистони Саудӣ ва режими саҳюнистӣ нигарон аст. Деҳқонӣ бо ишора ба ҷиноёти Оли Сауд дар Яман аз кишварҳои содиркунандаи силоҳ хост, ба тааҳҳудоти худ дар робита ба ҳуқуқи байналамилалӣ пойбанд бошанд ва судури силоҳро ба Арабистон мутаваққиф кунанд.

Сафири Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин бо баёни ин ки хатарноктарин аслиҳа дар дасти хатарноктарин режим дар Ховари Миёна аст, афзуд, силоҳи ҳастаӣ дар дасти режими саҳюнистӣ хатарноктарин таҳдид алайҳи амнияти кишварҳои узви NPT (Паймон дар бораи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ) дар Ховари Миёна маҳсуб мешавад.