Декабр 07, 2020 17:23 Asia/Dushanbe

Вазири хориҷаи ҷадиди Сурия дар нахустин сафари хориҷии худ дар Теҳрон бо вазири умури хориҷаи Эрон дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, вазири умумри хориҷаи Сурия Файсал Миқдод  имрӯз душанбе бо вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммадҷаводи Зариф дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ҷараёни сафари худ ба Теҳрон Миқдод инчунин бо мақомоти баландпояи Эрон оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун ва инчунин дар масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ гуфтушунид хоҳад кард.

Файсал Миқдод пас аз даргузашти Валид Муаллим ба симмати  Вазорати корҳои хориҷии Сурия таъин карда шуд.

Вазири собиқи корҳои хориҷӣ ва муовини сарвазири Сурия Муаллим16 ноябри соли 2020 дар синни 79-солагӣ даргузашт.

Бештар бихонед:

Барчасп