Декабр 08, 2020 17:32 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи сешанбеи 8 октябри 2020 эълом шуд
    Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи сешанбеи 8 октябри 2020 эълом шуд

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 323 нафари дигар бар асари корона дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.

Симо Содот Лорӣ рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори беморони Ковид - 19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: “Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 11 ҳазору 23 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод як ҳазору 710 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон расонида шуд”.

Дар Эрон беш аз як миллион нафар ба корона гирифтор шудаанд

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон афзуд: “Муттаассифона, дар 24 соати гузашта 323 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 50 ҳазору 917 нафар расидааст”.

Ба гуфтаи хонум Лорӣ, маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба як миллиону 62 ҳазору 397 нафар расидааст, ки то кунун 754 ҳазору 224 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 68 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 552 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаву ҳудуди 47 миллиону 110 ҳазор нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.  

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп