Фавти 61 бемор бар асари ибтило ба корона дар Эрон
Вазири беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: Дар 24 соати гузашта 61 бемори мубтало ба Ковид-19 дар Эрон ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуъи ҷонбохтагони ин бемори ба 141 ҳазору 998 нафар расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои хуросон аз дируз то имрӯз якшанбе 31 июл бар асоси меъёрҳои қатъи ташхисӣ 9727 бемори ҷадиди мубатло ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ ва 2298 нафари аз онҳо бистари шуданд.
Маҷмуъи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 7 миллиону 391 ҳазору 26 нафар расид.
Як ҳазору 227 нафар аз беморони мубтало ба Ковид-19 дар бахшҳои муроқибатҳои вижаи бемористонҳо таҳти дармон қарор доранд.
Хушбахтона то кунун 7 миллиону 80 ҳазору 581 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо тархис шуданд.
Ҳамагирии вируси корона ҷони 6 миллиону 419 ҳазору 217 нафарро дар сатҳи ҷаҳон гирифта аст.
Корона то кунун чор ҷаҳиши генетикии хатарнок шомили Алфа, Бета, Гама ва Делта дошта ва Амекрон ҷадидтарин навъи ҷаҳишёфтаи ин вирус аст.
Бештар бихонед: