Декабр 09, 2020 17:15 Asia/Dushanbe
  • Иродаи Эрон тавсеаи равобит бо ҷумҳурии Озарбойҷон аст
    Иродаи Эрон тавсеаи равобит бо ҷумҳурии Озарбойҷон аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон равобити Теҳрон ва Бокӯро хубу бародарона хонд ва гуфт: Иродаи Ҷумҳурии исломии Эрон тавсеаи равобит бо ҷумҳурии Озарбойҷон аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрони рӯзи чаҳоршанбе дар дидори Ҷайҳун Байрамов, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон, бо ишора ба мавозеи ошкору равшани Ҷумҳурии исломии Эрон дар муноқишаи Қарабоғ, аз поёни ҷанг дар ин минтақа ва озод шудани манотиқи ишғолии ҷумҳурии Озарбойҷон ва барқарории оташбас ибрози хушнудӣ кард.

  • Рӯҳонӣ ҳамчунин бо таъкид бар зарурати истифода аз марзҳои Эрону ҷумҳурии Озарбойҷон барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ афзуд: Ҳузуру мушорикати Эрон дар бозсозии манотиқи осебдида аз ҷанги Қарабоғ ба нафъи ду кишвар хоҳад буд.

Раиси ҷумҳурии Эрон ҳамчунин бо ишора ба тавофуқоти қаблии Теҳрону Бокӯ, аз ҷумла дар тарҳи роҳи оҳани Рашт – Астара гуфт, шароит барои иҷрои тарҳҳои муштараки тавофуқшуда байни Эрону ҷумҳурии Озарбойҷон, аз ҷумла садди Худоофарин ва сохти нерӯгоҳ фароҳам аст ва ду кишвар метавонанд ҳамкориҳои худро дар ҳавзаҳои санъатӣ, илмӣ, дорусозӣ ва дигар бахшҳо беш аз пеши тавсеа диҳанд.

Суҳбати сафири Эрон дар Русия дар бораи муноқишаи Қарабоғ бо расонаҳои русӣ

 

Қадрдонии Байрамов аз ҳимоятҳои Эрон аз тамомияти арзии ҷумҳурии Озарбойҷон

Дар ин дидор вазири умури хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон низ бо қадрдонӣ аз ҳимоятҳои Ҷумҳурии исломии Эрон аз тамомияти арзии ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт, марзҳои ду кишвар - марзи дӯстиву тавсеа аст ва озодсозии манотиқи ишғолии ҷумҳурии Озарбойҷон ва эҳёи 132 километр марзи муштарак бо Эрон, метавонад тарҳҳои ҷадидеро барои ҳамкории ду кишвар эҷод кунад.

Ҷайҳун Байрамов ҳамчунин террори Муҳсини Фахризода, донишманди эрониро маҳкум ва таъкид кард: Террори як донишманди илмӣ ба ҳеч унвон мавриди қабул нест.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп