Декабр 10, 2020 09:31 Asia/Dushanbe
  • Вазири улуми Эрон дар паёме ба ҳафтаи ҳунари Афғонистон аз ояндаи бошукуҳи ин кишвар гуфт
    Вазири улуми Эрон дар паёме ба ҳафтаи ҳунари Афғонистон аз ояндаи бошукуҳи ин кишвар гуфт

Вазири улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон бо табрики ҳафтаи ҳунари Афғонистон гуфт, бегумон миллати бузурги Афғонистон бо вуҷуди ҷавонони ҷӯёи донишу хирадманде, ояндаи бошукӯҳе хоҳад дошт.

Ба гузориши ИРНА, Камиссиюни миллии Созмони омузишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид(ЮНЕСКО) дар Эрон, дар бузургдошти ҳафтаи ҳунари Афғонистон, намоишгоҳи маҷозӣ аз осори ҳунариро бо унвони «Ҷони падар куҷостӣ?»,дар шохаҳои хушнивисӣ , наққошӣ ва нигоргарӣ, аккосӣ, график, саноати дастӣ ва мусиқӣ аз 12 то 18 декабр баргузор ме‌кунад.

Мансури Ғуломӣ, вазири улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон дар паёме ба муносибати оғоз бакори ин намоишгоҳ навишт: «бонгу навои падаре, ки пас аз борҳои тамоси бепосухи духтари доншҷӯяш мегӯяд: «ҷони падар куҷостӣ?» дар ҳақиқат бонгу навои ҳамаи эрониёну афғонҳо аст.»

Ғуломӣ дар паёми худ таъкид кард: «Эрон ҳаргиз аз ёрии ҷавонони афғонистонӣ дар арсаи илмандузӣ ва донишафрӯзӣ даст барнахоҳад дошт.»

Ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул дар дувуми ноябри гузашта дастикам 22 кушта ва 27 захмӣ аз миёни донишҷӯёни ин донишгоҳ барҷо гузошт.

Дар пайи ин воқеа, иборати «ҷони падар куҷостӣ?», ки паёми падари яке аз донишҷӯён ба духтари шаҳидаш буд, ба ҳаштаге фарогир дар шабакаҳои иҷтимоӣ табдил шуд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп