Декабр 10, 2020 14:58 Asia/Dushanbe
  • Роҳи оҳани Хоф- Ҳирот бо ҳузури раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Афғонистон ба баҳрабардорӣ расид
    Роҳи оҳани Хоф- Ҳирот бо ҳузури раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Афғонистон ба баҳрабардорӣ расид

Роҳи оҳани Хоф- Ҳирот ба тӯли 140 километр ба шакли видеоконфронс бо ҳузури раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Афғонистон ба баҳрабардорӣ расид.

Ба гузориши ИРНА, рӯзи панҷшанбе (10 декабри 2020) роҳи оҳани Хоф – Ҳирот то истгоҳи Равзанак дар хоки Афғонистон ба тӯли 140 километр ба таври расмӣ бо дастури Ҳасани Рӯҳонӣ ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисони ҷумҳури Эрону Афғонистон ба баҳрабардорӣ расид.

Рӯҳонӣ дар мароси баҳрабардорӣ аз роҳи оҳани Хоф – Ҳирот, хитоб ба раисиҷумҳур ва мардуми Афғонистон, гуфт: «имрӯз рӯзи салом, рӯзи раҳмат, рӯзи гушоиш барои ду миллати бузурги Афғонистону Эрон аст, ду миллате, ки аз як реша аз як таърих аз як фарҳанг ва аз як минтақа дар тӯли таърих бародарӣ ва ҳамсоягии худро ба унвони беҳтарин ёрони якдигар ҳифз карданд.»

Раисиҷумҳури Эрон ҳамчунин хитоб ба Ашраф Ғанӣ гуфт: «бисёр хушҳолам, ки гарчӣ нашуд ба далели шароити беҳдоштӣ ва коронаӣ дар канори ҳамдигар бо ҳузури физикӣ ин ифтитоҳро анҷом диҳем, аммо аз тариқи фазои маҷозӣ ин ифтитоҳи бузургро бо фармони ду раисиҷумҳур шоҳид хоҳем буд. Имрӯз ба унвони як рӯзи таърихӣ барои мо фаромӯши нашуданӣ аст.»

 

Ҳамчун раиси ҷумҳури Афғонистон дар маросими ифтитоҳияи хати оҳани Хоф-Ҳирот гуфт: «ифтитоҳи ин масири муҳим натиҷаи талошҳои хастагинопазири ҳар ду кишвар дар бахши иттисоли минтақаӣ ва расидан ба рифоҳи иқтисодии оянда аст.»

Ашраф Ғанӣ гуфт, ки такмили пружаи Хоф-Ҳирот бо вуҷӯди маҳдӯдиятҳои коронаӣ нишонаи ошкори иродаи миллӣ ҳар ду кишвар буд ва ифтитоҳи ин пружаи таърихӣ дар ростои эҳёи тавсеъа ва ҷаҳиши иқтисодӣ дар ҳар ду кишвар аст, ки бояд онро ба фоли нек гирифт.

Роҳи оҳани Хофи Эрон – Ҳироти Афғонистон ба тӯли 225 километр шомили чаҳор қитъа аст, ки қатаоти 1 ва 2 дар хоки Эрон ба тӯли 78 километр ва қитъаи сеюм низ аз марзи Шамтеғ то истгоҳи Равзанак дар кишвари Афғонистон ба тӯли 62 километр бо ҳазинаи Эрон сохта шудааст.

Сохти қитъаи чаҳорум аз истгоҳи Равзанак то истгоҳи Ҳирот ба тӯли 85 километр низ дар тааҳҳуди кишвари Афғонистон аст.

 

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп