Таҳрими Донишгоҳи "Ҷомеул Мустафо", маъное ҷуз илмситезӣ надорад
(last modified Thu, 10 Dec 2020 11:57:30 GMT )
Декабр 10, 2020 16:57 Asia/Dushanbe
  • Таҳрими Донишгоҳи \
    Таҳрими Донишгоҳи \"Ҷомеул Мустафо\", маъное ҷуз илмситезӣ надорад

Донишгоҳи "Ҷомеул Мустафо" дар баёнияе иқдоми давлати Амрико дар таҳрими ин донишгоҳро намунаи боризи илмситезӣ донист.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбе равобити умумии Донишгоҳи байналмилалии «Ҷомеул Мустафо»,  дар ин баёния омадааст: иқдоми ахири давлати Амрико дар эъломи таҳрими Донишгоҳи байналмилалии «Ҷомеул Мустафо», як бори дигар хуи султаҷӯӣ ва маниши истикбории ин давлатро намоёни кард.

Дар ин баёния омадааст: таҳрими як маркази илмӣ, ки узви расмии иттиҳодияҳои донишгоҳи байналмилалӣ буда, дониш омӯхтагони он дар дунё ба унвони мураввиҷони ақлоният ва эътидол шинохта мешаванд ва осори илмии онҳо дар масири густариши сулҳу дӯстӣ ва бародарӣ миёни миллат‌ҳост, маъное ҷуз илмситезӣ надорад.

Дар ин баёния таъкид шудааст: торих нишон додааст, ки ин гуна фарҳангситезиҳо раҳ ба ҷое набурда ва дастоварде барои соҳибонаш надоштааст ва бешак равшаноии маънавияту ақлоният ва адолатхоҳии асҳоби илму таҳқиқ бар торикии нафрат ва кинаварзӣ ва зиёдахоҳии султагарон ғалаба хоҳад кард.

Вазорати хазонадории Амрико рӯзи сешанбе «Ҳасани Ирлоо » сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Яман ва донишгоҳи байналмилалии Ҷомеул Мустафо (с )ро ба феҳристи ашхосу ниҳодҳои таҳти таҳрими дафтари назорати дороиҳои хориҷӣ (OFAC), изофа кард .