Парвозҳои "Эрон Эйр" ба Анкара азсар гирифта шуд
Созмони ҳавопаймоии кишварии Эрон аз судури муҷаввизи парвози анкара барои ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии Эрон "Ҳумо" хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бо коҳиши маҳдудиятҳо дар кишварҳои мухталиф барои мубориза бо бемории Ковид-19 парвозҳои ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии Эрон "Ҳумо" ба Анкара, ки қаблан ба иллати бемории Ковид-19 қатъ шуда буд, бо маслиҳат ва иҷозати Созмони ҳавопаймоии кишварӣ барқарор шудааст.
Тибқи ин гузориш, парвози ҳафтаина дар масири Теҳрон-Анкара ва баръакс бо риояи протоколҳои беҳдоштӣ таваққуф шуда байни Эрон ва Туркия анҷом дода мешавад. Бо шуюъи вируси корона дар ҷаҳон, сафарҳои ҳавоӣ ба шиддат коҳиш ёфт ва Эрон низ аз ин амр истисно набуд.