Декабр 15, 2020 22:33 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Эрон таҳримҳои Амрико алайҳи Туркияро маҳкум кард
    Вазири умури хориҷаи Эрон таҳримҳои Амрико алайҳи Туркияро маҳкум кард

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи саноеи дифоии Туркияро маҳкум кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи сешанбе дар твитте бо истифода аз ҳаштаги «аввал ҳамсоягон» дар вокуниш ба ин иқдоми якҷонибаи Амрико ёдовар шуд: «Эътиёди Иёлоти Муттаҳида ба таҳриму таҳқири ҳуқуқи байналмилал бори дигар худро нишон дод».

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард: «Мо таҳримҳои ахири Амрико алайҳи Туркияро қавиян маҳкум кардаву дар канори мардум ва давлати ин кишвар меистем».

Вазорати хазонадории Амрико рӯзи душанбе эълом кард, саноеи дифоии Туркия ва 4 мақоми ин кишвар, аз ҷумла Исмоил Дамир, раиси саноеи дифоии Туркияро ба далели ҳамкории огоҳона бо ширкати таслеҳотии русии «Rosoboronexport» ва хариди сомонаи дифои мушакии «С-400» таҳти таҳримҳои баромада аз қонуни мавсум ба CAATSA қарор дод.

CAATSA қонуни муқобилаи Амрико бо душманонаш аз тариқи таҳрим кардани онҳо аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп