Сафири Тоҷикистон дар Эрон: ҷаҳон имрӯз ниёзманди бозшинохти афкори Мавлоно аст
(last modified Thu, 17 Dec 2020 05:54:24 GMT )
Декабр 17, 2020 10:54 Asia/Dushanbe
  • Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон дар сеюмин ҳамоиши Мавлавӣ-пажуҳӣ суханронӣ кард
    Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон дар сеюмин ҳамоиши Мавлавӣ-пажуҳӣ суханронӣ кард

Сафири Тоҷикистон дар Эрон дар сеюмин Ҳамоиши байналмилалии Мавлавӣ пажуҳӣ гуфт, бо фурӯпошии Шуравӣ раванди бозёбии ҳувияти миллӣ дар Тоҷикистон оғоз шудааст.

Ба гузориши ИСНА, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар маросими поёнии сеюмин Ҳамоиши байналмилалии Мавлавӣ пужӯҳӣ, ки дар донишгоҳи Исфаҳони Эрон бо мавзӯи «Мавлоно ва ҷаҳони имрӯз» баргузор шуд, гуфт: «раванди бозёбии ҳувияти миллӣ дар даврони ҷадид дар кишвари мо оғоз шуда ва раванди муҳим ва сарнавиштсоз аст, ки пас аз 80 соли султаи Шуравӣ, ки аз намояндагони адаби ирфонӣ дур будем, ба ин муҳим даст ёфтаем.»

Зоҳидӣ ишора ба ҳамоиши таҷлили 800 солагии Мавлоно, ки дар соли 1386 шамсӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд, гуфт: «Акнӯн маснавхонӣ ва ҳофизхонӣ дар кишвари Тоҷикистон ривоҷ дорад ва афзӯн бар ин як шаҳристон дар Тоҷикистон ба номи Мавлоно номгузорӣ шудааст.»

Вай идома дод: «ҷаҳон имрӯз ниёзманди бозшинохти афкор Мавло аст, зеро посухгӯи имрӯз ва фардои мо аст. Инсоне, ки Мавлоно ситоишгар он аст, метавонад моро аз мушкилот берун бибарид.»

Сафири Тоҷикистон дар Эрон ҳамчунин таъкид кард, имрӯз дар бахшҳое аз олам куштор вуҷӯд дораду ва хабарҳои фасоду мухолифатҳои мазҳабӣ инсонро таҳдид мекунад ва ҷаҳон ба инсони ростини Мавлоно ниёз дорад.

Ҳамоиши Мавлавӣ пажӯҳӣ бо ҳузури 15 донишгоҳ ва маркази илмии хориҷӣ ва 19 донишгоҳ ва муассисаи илмии эронӣ рӯзи 16 ноябр дар шаҳри Исфаҳони Эрон оғоз шуд ва рӯзи 16 декабр ба поён расид.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: