Даъвати Зоҳидӣ аз тоҷирони эронӣ барои ҳузур дар намоишгоҳи универсалии Тоҷикистон
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон доираҳои соҳибкории устони Хуросони Разавиро барои ҳузур ва ширкат дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон даъват кард
Ба гузориши сомонаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Низомиддин Зоҳидӣ , сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон, бо Муҳаммадризо Таваккулизода, раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии Хуросони Разавӣ дидору мулоқот кард.
Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу сармоягузорӣ ибрози назар намуда, ба масъалаи тақвияти бештари ҳамкории тиҷориву иқтисодӣ тамаркуз карданд.
Дар ин мулоқот тавсеаи равобит ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштарак ва табодули ҳайатҳои тиҷорӣ аз заруратҳои ҳамкорӣ дониста шуд.
Ҳамчунин Низомиддин Зоҳидӣ дар шаҳри Машҳад бо раиси намояндагии дипломатӣ ва раёсати Утоқи муштараки Тоҷикистону Эрон ва аъзои Шӯрои муштараки соҳибкорони ду кишвар мулоқот анҷом дод.
Дар фарҷоми суҳбат Низомиддин Зоҳидӣ аз раёсати Утоқи бозаргонӣ ва доираҳои соҳибкории устони Хуросони Разавӣ даъват кард, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон, ки 24-26 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат кунанд.