Декабр 17, 2020 17:43 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани 212 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон
    Ҷон бохтани 212 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: бо фавти 212 нафар бемори дигар аз мубталоёни қатъӣ ба Ковид-19 дар 24 соати гузашта, шумори ҷонбохтагони қатъии ин беморӣ дар Эрон ба 53 ҳазору 95 нафар расид.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон Симо Содот Лорӣ бо эъломи охирин омори мубталоён ва ҷонбохтагони корона дар Эрон афзуд: Дар 24 соати гузашта тот зуҳри имрӯз (панҷшанбе) бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 7 ҳазору 453 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ шуд ва ҳазору 147 нафар бистарӣ шуданд».

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид-19 дар кишвар ба як миллиону 138 ҳазору 530 нафар расидааст, афзуд: «Хушбахтона токунун 856 ҳазору 513 нафар аз беморон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд».

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 74 миллиону 635 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 657 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаву ҳудуди 52 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Бештар бихонед:

Барчасп