Декабр 17, 2020 18:10 Asia/Dushanbe
  • Эрон қатъномаи зиддиэронии Маҷмаи Умумиро фоқиди ваҷоҳати қонунӣ хонд
    Эрон қатъномаи зиддиэронии Маҷмаи Умумиро фоқиди ваҷоҳати қонунӣ хонд

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон қатъномаи зиддиэронии Маҷмаи Умумӣ дар бораи вазъияти ҳуқуқи башарро фоқиди ваҷоҳати қонунӣ хонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, «Сайид Хатибзода » сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар вокуниш ба тасвиби қатъномаи зиддиэронӣ дар Маҷмаи Умумии СММ, ин қатъномаро фоқиди ваҷоҳати қонунӣ хонд ва рӯйкарди бонёни қатънома дар истифодаи абзорӣ аз ниҳодҳои байналмилалӣ барои аъмоли фишор алайҳи Эронро тақбеҳ кард.

Хатибзода бо ишора ба собиқаи бисёре аз бониёни аслии қатънома дар нақзи фоҳишу систематики ҳуқуқи инсонҳо ба хусус аз тариқи мудохилоти низомӣ дар сойири кишварҳо ва фурӯши таслеҳот ба режимҳои диктатор ва худкома, гуфт: қатъномае, ки рӯзи гузашта дар Маҷмаи Умумии Созмони милал бо раъйи камтар аз ниме аз кишварҳои узви Созмони милал ва адами ҳамроҳии беш аз 110 кишвар тасвиб шуд дарвоқеъ ҳамон матне аст, ки чанде қабл дар комитети сеюми маҷмаи умумӣ бо орои мушобеҳ тасвиб шуда буд ва тибқи равияи кори Созмони милал дар саҳни Маҷмаи умумӣ таъйид шуд. 

Сухангӯи дастгоҳи дипломасии Эрон бо ибрози инзиҷор аз умқи нифоқи бониёни қатънома, ки таҳти таъсири зургӯии Амрико чашмони худро ба рӯи тероризми иқтисодии ин кишвар алайҳи миллати Эрони баста ва ба ҷои маҳкум кардани таҳримҳои ғаӣриқонунӣ ва зиддибашарии Амрико, амалан худро дар сатҳи ҳамдастони режими Амрико тақлил додаанд, ба Канада ва дигар ҳомиёни аслии қатънома тавсия кард рафтори мудохилаҷӯёна ва ғайриахлоқӣ дар қиболи миллатҳои мустақилро мутаваққиф кунанд.

Хатибзода тасреҳ кард: "Чунин иқдомоти ғайрисозандае на танҳо кумаке ба иртиқоии вазъияти ҳуқуқи башар дар сатҳи ҷаҳонӣ намекунад, балки танҳо стереотипҳои манфӣ ва тамғаи сиёсиро алайҳи кишварҳои мустақил афзоиш медиҳанд."
 
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон иқдоми Канада ва бониёни аслии қатъномаро дар ростои сиёсати фарофикании ин кишварҳо дар ҳавзаи ҳуқуқи башар тавсиф ва таъкид кард, ки такрори гузоришҳои ҷаълӣ ва кизб аз сӯии ин даста аз кишварҳо алайҳи мардуми Эрон сирфан боиси беэътибории бештари иддаоҳои ҳуқуқи башарии онҳо хоҳад шуд.

Маҷмаи Умумии Созмони милал рӯзи чаҳоршанбе қатъномаи пешниҳодии Канада дар хусуси вазъияти ҳуқуқи башар дар Эронро тасвиб кард . Ин қатънома бо 82 раъйи мувофиқ дар муқобили 30 раъйи мухолиф ва 64 раъйи мумтанеъ ба тасвиб расид.

Ин қатънома қаблан дар комитети сеюми Маҷмаи умумӣ ба тасвиби аввалия расида буд. Камтар аз 80 узви Созмони милал шомили режими саҳюнистӣ , Амрико, Арабистони Саъудӣ, Баҳрайн, Иморот, Албания, Англис, Канада, Фаронса, Олмон ба ин қатънома ройи мусбат доданд . Бо вуҷуди ин, аксарияти аъзои  Созмони милал, ки теъдодшон ба ҳудуди 115 кишвар мерасад аз ҳимоят аз ин қатънома худдорӣ карданд, ки нишонаи равшанӣ аз норизоятии аксарияти кишварҳо бо рӯйкарди мутакаббирона ва интихобии бониёни қатънома аст.

Барчасп